Узр ва ташаккури “Сомон Эйр” ба мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд
Ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” аз мусофирони хатсайри Душанбе–Хуҷанд барои эҷоди нороҳатӣ узр хостааст.
Шоми 14 апрел дохили ҳавопаймои “Боинг 737-900”-и ширкати “Сомон Эйр” ҳангоми омодагӣ ба парвоз дудолуд шуд. Баъди таъхири чорсоата мусофирон бо ҳавопаймои дигар ба Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар изҳороти расмии “Сомон Эйр” бар иловаи пузиш хостан барои эҷоди нороҳатӣ барои ҳамдигарфаҳмӣ ба мусофирон изҳори ташаккур кардааст.
“Сомон Эйр” сабаби дудолудшавиро ба воситаи шустушӯе рабт додааст, ки қабл аз парвоз барои тоза кардани муҳаррики ҳавопаймо истифода мешавад: “Дар доираи гузаронидани тафтишот муайян гашт, ки омехтаи боқимондаи маҳсулоти тозакунӣ тавассути муҳаррик ба системаи гарму хунуккунии ҳавои дохили ҳавопаймо ворид гаштааст, ки боиси дудолудшавӣ ва бӯй дар дохили ҳавопаймо ва кабинаи ҳавонавардон шуд”.
Дар изҳорот омадааст, тафтиш нишон додааст, ки ин ҳавопаймо мушкиле надорад ва алакай рӯзи 15 апрел дигарбора ба парвозҳо идома дод.