Шарҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи ҳалокати як сокини Турсунзода аз тири марзбонҳои узбак
Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар қазияи рӯзи 15 апрел марзбонони узбакро муттаҳам кардааст. Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфтааст, марзбонони узбак тахминан соатҳои 17:30-и 15 апрел ҳудуди 100 метр ба дохили марзи Тоҷикистон ворид шуда, ҷониби се сокини рустои Шулум, ки ба чаронидани чорво машғул будаанд, ҳамлаи мусаллаҳона кардаанд.
Аз ин пештар Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон эълон карда буд, шаҳрвандони Тоҷикистон марзи давлатии ин кишварро убур кардаанд. “15 апрели соли 2017, соати 18:10 ҳайати марзбонҳои узбак дар маҳаллаи Қуруксойи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё подаи ҳайвонҳои калони шохдорро мушоҳида кардаанд, ки ба қаламрави Узбакистон ворид шудааст. Марзбонҳо подаро бозпас ба қаламрави Тоҷикистон ронданӣ шуд, ки дар ин ҳолат се нафар аз қаламрави Тоҷикистон ба онҳо наздик шуда, садои эътирозӣ баланд карданд, ки пода дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Ин се нафар 50 метр ба қаламрави Узбакистон ворид шуда, талош намудаанд, ба марзбонҳо бо корду калтак ҳамла кунанд”. Мақомоти Узбакистон мегӯянд, дар посух марзбонҳо оташ кушодаанд: “Дар натиҷа Шоимов Аслиддин Абдуҷабборович, сокини маҳаллаи Шлюми ноҳияи Турсунзода дар ҷои ҳодиса кушта шуда, ду нафари дигар ба қаламрави Тоҷикистон фирор намудаанд”.
Кумитаи марзбонии Узбакистон амали марзбонҳояшро қонунӣ арзёбӣ карда, аз Тоҷикистон даъват намуда буд, барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо бо сокинони навоҳии наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад. Аммо дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон омадааст, дар ҷараёни таҳқиқ маълум гардида, ки шаҳрвандони Тоҷикистон чорворо назди марзи муштарак ба чаро бурдаанд. Дар ин вақт ду сарҳадбони узбак бо мақсади боздошти чӯпонҳо хатти марзро убур намуда, 100 метр ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд: “Шаҳрвандони Тоҷикистон ин ҳолро дида, талош кардаанд, чорворо ба дарунтари қаламрави Тоҷикистон биронанд, аммо аз ҷониби марзбонҳо дастгир шудаанд. Онҳо ба сарҳадбонҳои узбак гуфтаанд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва аз ин амали ғайриқонуниашон ба сардори дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Яке аз марзбонҳо аз ин ҳарфҳо ба ғазаб омада, гуфтааст, ки “ман ҳоло ба шумо нишон медиҳам” аз масофаи 3 метр тир холӣ кардааст. Дар натиҷа шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимов Аслиддин Абдуҷаборович аз ҷароҳати бардошта ба ҳалокат расида, бародараш Шоимова Р.А. аз дасти рост ва пояш захм бардоштааст”.
Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон афзуда, баъди ин барои рӯпуш намудани амали ғайриқонунии худ марзбонҳои узбак ҷасади Шоимова А.А.-ро ба қаламрави Узбакистон бурда, дигаронро дар ҷои ҳодиса гузоштаанд. Марзбонҳои Тоҷикистон Шоимова Р.А.-ро бо се захми тир ба беморхона бурдаанд: “Ҷойи муайян намудани сабабҳои аслии қазия намояндаи марзбонии Узбакистон дар қитъаи Узун ҷониби Тоҷикистонро муттаҳам мекунад".