Шӯрои уламо: Ҳаҷ барои порагиру порадеҳ ҷоиз нест
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар арафаи маросими Ҳаҷ-2017 фатво додааст, ки зиёрати хонаи Худо тариқи порадиҳию порагирӣ ҷоиз нест.
Ин ниҳод дар сомонаи расмияш изҳор доштааст, ки “аз нигоҳи шариати Ислом пора гирифтан ё пора додан дар ягон амал дуруст нест. Ҳаҷ барои афроде фарз аст, ки тани солим ва имконоти молӣ дошта бошанд”.
Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди 6,5 ҳазор нафар хонаи Худоро зиёрат мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон имсол тасмим гирифтаанд, ки вазъи зиндагии довталабони Ҳаҷ аз сӯи масъулини Кумитаи дин санҷида шавад. Феълан афроди то 40-сола аз ҳаққи анҷоми Ҳаҷ маҳруманд ва бартарият ба довталабони солхӯрда дода мешавад, ки солҳо боз дар навбатанд.