Дар агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон маросими супурдани сертификатҳо ба ширкаткунандагони тренинги “Тамоюлҳои ҷаҳонии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир” сурат пазируфт.
Тибқи иттилои расида, ин давраи омӯзиширо раёсати мубориза бо маводи мухаддири назди сафорати ИМА дар Тоҷикистон (ДЕА) доир намуда буд. Гуфта мешавад, дар доираи ин курси таълимӣ масъалаҳои вобаста ба тамоюлҳои фарогири муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷамъоварӣ ва таҳлили ахбор, тафтиши парвандаҳои ҷиноятии алоқаманд ба ин ҷиноятҳо, ҳамчунин баргузории дарсҳои амалии баланд бардоштани маҳорати касбӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот баррасӣ шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти тренинг муовини директори агентӣ Бунафша Одинаева қайд кард, ки баргузории чунин дарсҳои омӯзишӣ барои беҳбуд бахшидан ба самаранокии мубориза бо маводи нашъадор дар минтақа мебошад. Ба қавли ӯ, ҳамкориҳо дар самти мубориза бо маводи мухаддир дар оянда низ таҳким хоҳанд ёфт. Намояндагони ДЕА изҳор доштанд, ки муколамаи фаъол миёни агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва раёсати мубориза бо маводи мухаддири назди сафорати ИМА дар Тоҷикистон (ДЕА) дар оянда низ ба ҳамкориҳои муваффақона мусоидат хоҳанд намуд.