Назарзода дар бораи 720 офати табиӣ ва омодагӣ ба мавсими оббозӣ
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳа аз камбудиҳо дар ташкили санҷишҳо ва баргузории чорабиниҳои мудофиаи шаҳрвандӣ интиқод намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумита, Назарзода охири ҳафтаи гузашта масъулинро ба омодагии саривақтӣ ва касбӣ барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма, ярч, сел, резиши санг, баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо дар давраи баҳору тобистон даъват кардааст.
Раиси Кумита масъалаи таъсиси гурӯҳҳои махсус барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хавфнок, захираҳои мавҷуда ва иловагӣ, баргузории омӯзишҳои мудофиаи шаҳрвандии ғайринавбатӣ ва ғайринақшавӣ миёни аҳолӣ, системаи огоҳсозӣ, омодагӣ ба мавсими оббозӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва назорат аз болои иҷрои ҳуҷҷатҳои ба имзорасидаи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор додааст: “Назарзода таваҷҷуҳи хоса ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита, поквиҷдонона адо намудани вазифаҳои хизматӣ равона кард”.
Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли равон дар натиҷаи боришоти зиёди барф дар кишвар 720 ҳодисаи фаромадани тарма, фаромадани ярч, сел, сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст.