Қарори Президент барои интихоб ва тарбияи занони мансабдор
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як қарор барномаи давлатӣ дар бораи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории роҳбаронро аз ҳисоби занҳои фаъол қабул кардааст.
Тибқи қарор, ки моҳи равон имзо шуд, барномаи марбут ба интихобу тарбияи занҳои мансабдор барои солҳои 2017-2022 қабул шудааст.
Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамоҳангсози татбиқи барнома таъин шуда, муваззаф гардидааст, ки ҳар моҳ ба ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳад.