Р.Эмомалӣ 3 нозири беҳтарини Душанберо эълон кард
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор номи ғолибони озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол»-ро эълон кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ бар асоси қарори комиссия ва қарори Рустами Эмомалӣ дар озмуни мазкур Неъматов Муҳаммадӣ Кароматуллоевич, капитани милитсия, нозири калони минтақаи хизматии маъмурии №11 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2 дар ноҳияи Шоҳмансур ғолиб дониста шуд: “Эшмахмедов Фарҳод Рузиевич, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №27 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2 дар ноҳияи Сино - ҷойи дуюм ва Юсупов Муқимҷон, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №2 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи сеюмро гирифтанд”.
Манбаъ афзуд, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе барои ҷойи аввал 15 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 12 000 сомонӣ, ҷойи сеюм 10 000 сомонӣ ҷудо гардид, ки он дар «Рӯзи пойтахт» ба таври тантанавӣ супорида мешавад.