Ёдбуди Карин, хайрхоҳи кушташуда аз дасти гуруҳи Ризвон
Модари Карин Манн хонуми фаронсавие, ки соли 1997 дар Тоҷикистон, аз ҷониби гуруҳҳои мусаллаҳи марбут ба Ризвон Садиров кушта шуда буд, дар ростои 20-солагии марги духтараш ба Тоҷикистон меояд.
Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки моҳи ноябри имсол дар Тоҷикистон аз 20-умин солгарди марги хонум Кари Манн ёдоварӣ карда мешавад ва дар назар аст, ки модари ӯ дар ин маҳфили ёдбуд ширкат варзад.
Карин Манн муассиси яке аз лоиҳаҳои ёрмандӣ ба кӯдакони хиёбонии созмони “Табибони бидуни марз” буд, ки 30-юми ноябри соли 1997 дар Душабе аз ҷониби гуруҳҳои мусаллаҳи марбут ба Ризвон Садиров, яке аз ҷангсолорони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба қатл расонда шуд.
Баъди қатли Карин Манн Марказе, ки дар заминаи Идораи тандурусти шаҳри Душанбе моҳи июни соли 1997 таъсис шуда буд ба “Маркази касбии тавонмандсозии кӯдакон” номгардон шуд ва номи Карин Манро гирифт. Ин Марказ 20 сол аст, ки кӯдакони осебпазирро фаро мегирад ва касб меомӯзад. Баъди куштори фоҷиавии Карин Манн модараш Даниел Манн корҳои духтарашро давом дод ва дар Фаронса созмони “Анҷумани кӯдакони кӯчаи Карин Манн”-ро роҳандозӣ намуд, ки ба кӯдакони ниёзманди Африқо, Брозил, Гватамело ва Тоҷикистон ёрӣ мерасонад. Даниел Манн сафири сулҳ низ мебошад.
Дар Душанбе ба хотираи Карин Манн яке аз кӯчаҳо номгузорӣ ва лавҳаи ёдгории насб шуд ва соли 2007 дар ҷашнгирии 10-солагии Рӯзи Ваҳдат баъд аз марг ба Карин Манн ордени Дӯстӣ, яке аз ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон эъто шуд.