Афғонистон: “Модари ҳамаи бамбҳо” ҷони 36 ДИИШ-иро гирифт
Ҳукумати Афғонистон гуфта, аз партоб шудани бузургтарин бамби ғайриҳастаии Амрико иттилоъ дошт.
Арки раёсатҷумҳурии Афғонистон дар иттилоияе изҳор доштааст, давлати ин кишвар дар ҷараёни партоб шудани “модари ҳамаи бамбҳо” аз сӯйи Амрико ба қароргоҳҳои “диишиён” дар вулусволии Ачини вилояти Нангарҳор қарор дошт. Ин бамб шоми 13 апрел аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти Нангарҳор, ки бо Покистон ҳаммарз мебошад истифода шудааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон низ дар Твиттери расмии худ навишта, ин ҳамла дар ҳамоҳангӣ бо давлати Афғонистон ва замоне сурат гирифт, ки ғайринизомён дар минтақа набуданд. Шоҳҳусайн Муртазавӣ, сарпарасти дафтари сухангӯйи давлати Афғонистон ба расонаҳо гуфтааст, давлат дар ҷараёни партоби ин бамб қарор дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҷойе, ки он партоб шуд минкорӣ гардида, амалёти заминӣ имконнопазир буд. Муртазавӣ гуфтааст, “террористҳои ДИИШ дар ғорҳо, туннелҳо ва истеҳкомоти зерзаминӣ ҷо ба ҷо шуда буданд ва ин ҳамла барои аз миёни бурдан онҳо зарурӣ буд”.
Ба иттилои Вазорати дифои Афғонистон бар асари партоби ин бамби бузурги ғайриҳастаи 36 “диишӣ” ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, дар ин ҳамла як маркази муҳими “ДИИШ”-иёни Афғонистон, се маҳалли пинҳон шудани онҳо ва миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ аз байн рафтааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, дарозии туннелҳои ин марказ то 300 метрро дар бар мегирифтааст.
Ба иттилои Вазорати дифои Афғонистон дар ин ҳамла ба ғайринизомён ҳеч осебе надидаанд. Вале бархе аз бошандагони наздик ба маҳалли амалиёт ба расонаҳои маҳалии Афғонистон гуфтаанд, ки бар асари ин ҳамала шуморе аз хонаҳо низ тахриб шудааст. Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар ин амалиёт чанд рӯз пеш оғоз шуда ва мардуми наздик ба маҳалли амалиёт хонаҳои худро тарк карда буданд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шабакаи иҷтимоӣ навишта, “амалиёти муштараки мо нишондиҳандаи талоши мо барои аз байн бурдан ва поён додан ба ДИИШ ва терроризм ва паноҳгоҳҳои амни онҳо дар Афғонистон аст”.
Ҳимояти ҳукуматдорони Афғонистон аз ин ҳамла дар ҳолест, ки ДИИШ дар муқоиса бо “Толибон” бахши кӯчаке аз хоки он кишварро дар ихтиёр дорад.
“Модари ҳамаи бамбҳо” 9 метр дарозӣ ва ҳудуд 10 тонн вазн дошта, барои он тарроҳӣ шуда, ки минтақаи васее аз аҳдофи душманро тахриб кунад ва асари равонии ваҳшатноке бар неруҳои душман бигузорад. Тарроҳӣ ва тавсеаи ин бамб аз соли 2003 ва ҷанги Ироқ оғоз шуд, аммо то ба ҳол дар майдони набард ба кор нарфта буд. Гуфта мешавад, ҳазинаи ҳар кадоме аз ин гуна бамбҳо 16 миллион доллар аст.