Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон: Ба хотири рушди муносибатҳо бар асоси баробарӣ
Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизбони ҳамоиши сохибкорони Тоҷикистону Узбакистон мешавад.
Аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, ин ҳамоиш соати 09:00-и 19 апрел ба кор оғоз мекунад. Манбаъ рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷориву иқтисодӣ ва илмиву техникӣ бар асоси баробарӣ ва манфиати тарафайнро аз ҳадафи аслии баргузории ҳамоиш гуфт. Таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикон, ҷалби сармояву технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, ноил гардидан ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ду кишвар аз дигар ҳадафҳои ҳамоиши сохибкорони Тоҷикистону Узбакистон будааст.
Баъди ба курсии президентии Узбакистон нишастани Шавкат Мизиёев дар муносибатҳои соли ахир сардгаштаи Душанбеву Тошканд гармӣ дамид. Баъди 25 сол тавқиф роҳандозии парвози ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Тошканд намунаи чашмраси ин гармӣ маҳсуб мешавад.