Театри ҷавонон “Дирафши Коваёнӣ”-ро ба намоиш мегузорад
Дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе нахустнамоиши “Дирафши Коваёнӣ” баргузор мешавад.
Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди ин театр ба “Озодагон” гуфт, намоишнома соати 16:00-и фардо, 15 апрел манзури бинандаҳо хоҳад шуд: “Дирафши Коваёнӣ аз рӯи асари безаволи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҳия шуда, онро коргардони маъруф Нозим Меликов ба саҳна гузоштааст”.
Ба гуфтаи ӯ, нақшҳои асосиро дар намоиш Абдумуъмин Шарифӣ, Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев ва Зарина Бадалова бозидаанд.