Русия: Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо шиносномаи тақаллубӣ
Пулиси Санкт-Петербург аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакӣ хабар медиҳад.
Оҷонсии федеролии хабарҳо (Федеральное агентство новостей) бо такя ба манобеш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, боздошти ин муҳоҷир дар пайи таҳқиқи ашхосе сурат гирифтааст, ки дар робита ба даст доштан дар амали терористии Метрои Питер гумонбар мешаванд.
“Кормандони пулис маълум кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Қурбонов С. соли таваллудаш 1993 барои истифода дар қаламрави Русия асноди тақаллубӣ ба даст овардааст, ки миёнашон шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон бо ному насаби нафари дигар, корти муҳоҷират будааст. Худи Қурбонов ҷои мушаххаси зиндагӣ ва кор надорад”,-менависад манбаъ.
3 апрел дар қатори метро миёни истгоҳҳои “Сенная площадь” ва “Технологический институт” дар истгоҳи “Петроградская” инфиҷор ба вуқӯъ пайваст, ки дар пайи он 14 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 40 тани дигар ҷароҳат бардошт. Мақомот Акбарҷон Ҷалилов, як зодаи Қирғизистон ва шаҳрванди Русияро масъули ин бомбгузорӣ гуфт. Ба дунбол чанд зодаи Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҷалилов дастгир шуданд, ки миёнашон Содиқ Ортиқов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аммо Ортиқов изҳор доштааст, ки гуноҳе надорад ва бо Акбарҷон Ҷалилов низ ҳеч иртиботе надорад.