Хонанда: Раиси шаҳр барои фаҳмидани вазъи мусофиркашонӣ бояд савори автобуси №8 шавад
Як хонанда пешниҳод кардааст, шаҳрдори нави пойтахт барои ошноӣ бо вазъияти нақлиёти мусофирбари Душанбе савори автобусҳо шавад, аммо ба гунае, ки ӯро нашносанд.
Юсуф ин пешниҳодро зери хабари рӯзи гузаштаи “Озодагон”, ки зери унвони “Насиҳати Р.Эмомалӣ ба ронандаҳои автобусҳои 90 000 $-ӣ” нашр шуд, ироа кардааст.
Вай менависад, Рустами Эмомалӣ либосҳои оддӣ пӯшида, дар чашм айнаки сиёҳ, худаш дар автобусу троллейбусҳои шаҳр сафар кунад: “Як нафар муҳофиз дошта бошад бас. Махсусан, дар хатсайри автобуси рақами 8 (Фурудгоҳ-Зарафшон). Сипас мебинад, ки аҳвол чӣ хел аст. Бояд қайд кунам, ки дар замонҳои қадим шоҳон ҳамин хел карда, сайру гашт мекарданд. Махсусан, халифа Ҳорун ар-Рашид”.
Пешниҳоди Юсуф дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 15 феврали соли равон ҳангоми мулоқот бо мақомот ва фаъолони шаҳри Душанбе дар хитоб ба писараш – Рустами Эмомалӣ аз ӯ хост бо мардум наздик бошад, дағалӣ накунад, нархҳоро арзон намуда, мушкили нақлиётро ҳал намояд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран шаҳрдории Душанбе аз Туркия 40 мусофиркаши тамғаи “Isuzu” харидорӣ кард, ки арзиши яктои он ҳудуди 90 ҳазор доллари амрикоӣ гуфта мешавад. Қарор аст ин автобусҳо дар Рӯзи пойтахт – 15 апрел дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба ҳаркат оғоз кунанд. Мушкили мусофиркашонӣ даҳсолаҳост, ки аз мушкилиҳои асосии пойтахти Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Рустами Эмомалӣ 12 январ ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.