Путин: Баъди омадани Трамп муносибатҳо бадтар шудааст
Владимир Путин, президенти Русия гуфт, баъди корро ба ҳайси раисҷумҳур оғоз кардани ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп мизони эътимоди тарафайн миёни Маскаву Вашингтон поин рафтааст.
Ин суханҳои Путинро, ки дар суҳбат бо шабакаи телевизионие баён шудаанд, сомонаи расмии Кремл 12 апрел, дар рӯзи мулоқоти котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар шаҳри Маскав нашр кард.
Президенти Русия дар посух ба суоли он ки баъди омадани Трамп муносибатҳои Вашингтон ва Маскав бад шуд ё беҳтар, мегӯяд, "метавон гуфт, ки дараҷаи эътимод дар сатҳи ҳамкорӣ, бахусус дар бахши низомӣ на боло, балки поин рафтааст".
Путин изҳороти ҷониби Русияро бори дигар такрор карда, гуфт, ҳукумати Сурия дар ҳамлае, ки ИМА кимиёӣ будани онро тасдиқ мекунад, айбдор нест. Дар натиҷаи ин ҳамла 4 апрел дар вилояти Идлиб даҳҳо сокини осоишта ҷон бохтанд.
Вай афзуд, ки ҷониби Русия дар робита ба ин қазия ду фарзияро пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол аст, маводи заҳрогин дар натиҷаи зарбаҳои нерӯҳои ҳукуматӣ ба сехи истеҳсоли силоҳи кимиёии шӯришгарон хориҷ гашта бошад ва ё худи ин ҳамла "саҳнасозӣ" шудааст.
Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар ин иддаоро рад карданд.