Кушта шудани 8 қочоқчӣ дар марзи Тоҷикистон
Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар марз бо Афғонистон 10 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.
Тибқи иттилои Изатулло Файзуллозода, муовини аввали фармондеҳ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар давраи сипаригашта 32 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 17 далели вайронкунии низоми сарҳадӣ ба қайд гирифта шудааст: “Бо қочоқчиёни маводи мухаддир 10 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, аз ҳисоби қочоқчиёни афғон 8 нафар безарар ва 5 нафар дастгир карда шуданд. Ҳамзамон 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ ба қочоқи маводи мухаддир даст доштанд дастгир гардиданд”.
Бар асоси иттилои қушӯнҳои сарҳадӣ дар пайи амалиёт зиёда аз 340 кило маводи нашъаовар, 9 адад яроқи оташфишон, 121 адад лавозимоти ҷангӣ аз қочоқчиён мусодира гардид: “Дар семоҳаи аввали сол тавасссути гузаргоҳҳои сарҳадӣ 754 ҳазору 972 шаҳрванд, 31 ҳазору 102 адад воситаҳои нақлиёт гузаронида шуда, 27 шаҳрванди дар кофтукоббуда дастгир гардид”.