Муроҷиати як модар: Ёрӣ диҳед, то фарзандам аз мактаб намонад
Як сокини шаҳри Душанбе аз сокинони саховатманди кишвар хоҳиш дорад, ба қадри имкон барои пешбурди зиндагиаш ба ӯ ёрӣ бидиҳанд.
Гулсара Қосимова, сокини ноҳияи Синои пойтахт мегӯяд, як сол қабл шавҳараш дар пайи бемории тӯлонӣ даргузашт ва ҳоло бо се тифли ноболиғ танҳо мондааст. Хонум Қосимова, ки ба дафтари “Озодагон” омад, изҳор дошт, шавҳараш ба бемории дилу гурда мубтало буд ва дар 37-солагӣ вафот кард: “Як гyрдааш хушк шуда, гурдаи дигараш бо тавоноии 20 дарсад кор мекард. Бародараш розӣ шуд, ки як гурдаашро ба шавҳарам бидиҳад, аммо ин кумак накард”.
Вай гуфт, тамоми дороиҳояшро барои табобат ва ҷарроҳии шавҳараш харҷ намуданд, вале баъди чанд моҳ вай даргузашт: “Қарздор ҳам шудем, ҳоло намедонам, фарзандонро чӣ хел ба воя бирасонам. Ба кумаку дастгирии ҳамватанони саховатманд ниёз дорам. Барои мани танҳою
бесарпаноҳ ёрии худро дареғ надоред”.
Ба гуфтаи Гулсара Қосимова бо маблағи ҷамъшуда мехоҳад масрафоти таҳсили фарзандашро пардозад ва инчунин дар назди манзилаш як мизи фурӯши маводи ғизоӣ боз кунад, то дар оянда тавонад мустақилона рӯзгорашро пеш барад.
ШУМОРАИ ТАМОС БАРОИ ЁРӢ БА ИН МОДАРИ ТАНҲО: 900 80 25 04, 915 23 19 32