6 ташхиси даъватшаванда: Созӣ, беморӣ, созӣ, беморӣ... бирав!
Сайёд Ҳалимов, як сокини 24-солаи шаҳри Ҳисор, ки ба гуфти амакаш дар хонаашон “облава” шуда буд, дар пайи ташхисҳои такрор ба такрор ниҳоят бемор эътироф гардида, аз хизмат озод шудааст.
Сайёд Ҳалимов, имрӯз 13 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, масъулин шаби гузашта ӯро ҷавоб доданд: “Як ҳуҷҷатро низ доданд, ки рафта табобат гирам”.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳалимов масъулини ноҳияи Ҳисор хулоса бароварданд, ки ӯ сиҳат аст ва бояд ба аскарӣ равад: “Баъдан ба Душанбе фиристоданд, дар он ҷо касал гуфта гардонданд. Шаб дубора ба Ҳисор оварданд ва саҳар ба “Медгородок” бурданд ва дар пайи ташхис касал баромадам, боз ба Ҳисор оварданд. Дар Ҳисор гуфтанд, ки касалии ин табобатшаванда аст ва саҳар боз ба маҳаллаи 82-и Душанбе фиристоданд ва дар он ҷо дар пайи ташхиси дигарбора касалиям пурра тасдиқ шуд ва шаб озод карданд”.
Қаблан Бадриддин Сафаралиев, аз наздикони Сайёд дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, кормандони комиссариати ноҳияи Ҳисор ба манзили онҳо омада, писари бародари марҳумашро, ки бемор аст, бо худ бурдаанд. Вай афзуд, “ду сол пеш ҳам ӯро дошта оварда буданд. Мо гуфтем, ки ин касал аст, аммо гӯш накарданд. Санҷиши тиббӣ бемор будани ӯро собит кард ва барояш билети ҳарбии “ноқобил” доданд”.
Сафаралиев мегӯяд, аммо ин навбат духтур хулоса додааст, ки Сайёд сиҳат аст ва баъди чанд соат ӯро аз Комиссариати Ҳисор ба Душанбе овардаанд: “Ӯ як одами бемор аст. Дасташ низ хуб нест, чанд маротиба шикаста аст”.
Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев 12 апрел ба “Озодагон” гуфт, агар дар пайи ташхиси табибон собит шавад, ки ӯ воқеан бемор аст, аз хизмат озод мешавад. Вай афзуд, баъзе бемориҳо табобатшаванда ҳастанд ва баъди сиҳат ёфтан ҷавон дубора ба артиш даъват мешавад: “Вале агар даъватшанда нобино, ношунаво бошад, як гурда надошта бошад ва ба амсоли ин бемориҳои табобатнашаванда гирифтор бошад, аз хизмат пурра озод мегардад”.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифоъ, бар асоси муқаррарот кормандони комисариат аз ҳудуди комиссарият намебароянд. Даъватномаро намояндаҳои ҷамоат, маҳалла бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба мунзили даъватшавандаҳо мебаранд ва шаҳрванд ҳуқуқи ба тағйир андохтани онро надорад: “Шаҳрванд баъди гирифтани даъватнома бояд ба комиссия ҳозир шавад. Баъди даъват намудан, якбора ба хизмат намебаранд, аввал муоина мекунанд, аз ташхис мегузаронанд, комиссияи даъватӣ бо ӯ суҳбат мекунад ва дар сурати қобили хизмат набудан дар асоси қарори раиси комиссияи даъватӣ ба табобат фиристода мешавад ва ё бо дарназардошти вазъи саломатӣ пурра аз уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ озод мегардад”.