Сипосномаи Русия ба мушовири Президент
Русия бо ирсоли як нома ба Зафар Сайидзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ барои нашри китоб дар мавриди таърихи Русия изҳори сипос кардааст.
Тибқи иттилоияи расмӣ Сайидзода китобро зери унвони «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов»-«Таърихи Русия: китоби дарсӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро таҳия кардааст.
Манбаъ мегӯяд, китоби мазкур соли равон дар матбааи «Контраст»-и шаҳри Душанбе нашр гардида, таърихи Русияро то давраи пасошӯравӣ фаро мегирад.