Ҳушдори Абдулқодирзода аз оқибати майдонбароиҳо ва даъват ба шукри Пешво
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гунаҳкори кӯдаккушиҳо дар Сурия ва дигар кишварҳои ҷангзадаро ҷавонони ин кишварҳо хонд, ки ноогоҳона ва бепарвоёна ба майдонҳо баромаданд.
Абдулқодирзода, имрӯз, 12-уми апрел зимни конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон омили суботу созандагӣ ва рушди устувор” гуфт, хуни кӯдакону занон дар кишварҳои ҷангзада ба гуноҳи ҷавонони ин кишварҳо рехта истодааст, ки замоне бепарвоёна майдонбароӣ карданд: “Бо ин ҳам хонаи худро вайрон карданду кишварро мубталои фитна намуданд”.
Раиси Шӯрои уламо саодати ду дунёро ба илм рабт дода, гуфт ҷаннат ба бесаводон насиб намешавад: “Ҳаловату роҳати ду дунё тариқи омӯхтани илм ба даст меояд. Бо ибодатҳои кӯр-кӯрона ҷаннат насиб намешавад”.
Ба гуфтаи Абдулқодирзода агар ҷавонон ҳиммати баланд, нияти нек ва иродаи қавӣ дошта бошанд, ҳатман муваффақ хоҳанд шуд: “Аммо агар бепарвоӣ кунанду бар онанд, ки ҳеч чиз намешаванд, онҳо аллакай ҳечанд ва ҳеч мемонанд”.
Раиси Шӯрои уламо мутақид аст, ки агар ҷавонони тоҷик бедор шаванду аз нерӯяшон барои пешбурд кор баранд, ба кишвар ҳеч таҳдиде вуҷуд надорад: “Аммо вой бар ҳоли мо агар ҷавонон туъмаи қувваҳои бадхоҳ шаванд. Ҳама медонанд, ки чӣ гуна бархе гуруҳҳои ҷавононро истифода мекунанд”.
Дар ин шароити пуртаззод Абдулқодирзода барои мардуми Тоҷикистон зарур хонд, ки барои атои роҳбари хирадманд шукри Худоро ба ҷо оранд: “Ман ҳамеша шукр мегӯям, ки роҳбари хирадманду хайрхоҳ насиби мо шуд, ки пайваста дар фикри саодати ҳамагон аст. Ин як неъмат аст ва ин неъмат шукрона мехоҳад”.
Раиси Шӯрои уламо муътақид аст, ки агар ҷавонони тоҷик атрофи Пешвои Миллат ҷамъ шаванд, ҳатман муваффақ мегарданд.