“Хоби маймун”-и коргардони тоҷик муддаии ҷоизаи синамо дар Қирғизистон
Филми “Хоби маймун”-и Румӣ Шоазимов, коргардони ҷавони тоҷик барои дарёфти ҷоизаи миллии синамоии Қирғизистон пешниҳод шудааст.
Румӣ Шоазимов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло дар Бишкек қарор дорад филми ӯ дар се бахш – “Беҳтарин филми Осиёи Марказӣ”, “Беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ” ва “Беҳтарин бозигари нақши зан дар Осиёи Марказӣ” номзад шудааст. Дар баробари филми Шоазимов панҷ филми дигар низ муддаии ҷоизаҳои “АК Илбирс” ҳастанд.
Маросими ҷоизасупории ҷашнвораи “АК Илбирс” рӯзи 14 апрел дар кинотеатри “Манас” баргузор мешавад.
“Хоби маймун” аз рӯи достони кӯтоҳи нависандаи инглис Уилям Ҷекобс (The Monkey's Paw) соли 2016 наворбардорӣ шудааст.