Баъди 10 рӯз: Нақшаи даъват ба артиш 40%
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 40 дарсади нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.
Аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, тайи 10 рӯзи даъват вилояти Суғд нақшаи даъватро 44 дарсад иҷро карда, миёни минтақаҳои кишвар пешсаф аст. Иҷрои нақша дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) 44%, Хатлон 37%, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 35% ва дар чор ноҳияи пойтахт 27%-ро ташкил медиҳад.
Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш 1 апрел шурӯъ гардид. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 15 марти соли равон содир шуд, “моҳҳои апрел-майи соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъват карда мешаванд.