Мухлис: Баъди нуқраи Анталия муҷозоти Комроншоҳ лағв шавад
Яке аз шарҳнависон бо номи Мухлис дар зери матлаби “Баъди муҷозот. Устопириён бо медали нуқра ба Ватан бармегардад”-и “Озодагон” навиштааст, ки баъди ба даст овардани медали нуқраи мусобиқаи байналмилалии ҷудо - “Grand-Prix Antalya 2017” бояд Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти ахирашро дар мавриди Комроншоҳ Устопириён қабл аз тамом шудани давраи муҷозот, лағв кунад.
Ин шарҳнавис аз ҷумла навиштааст, ки “вақте Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён муҷозот эълон кард, ӯ мардонавор инро қабул кард ва узр ҳам пурсид. Ин дуруст аст. Акнун Кумитаи мазкур мардонавор дастоварди охирини Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириёнро ба инобат гирифта, муҷозотро пеш аз мӯҳлат бардорад”.
Ба навиштаи Мухлис “чунин таҷриба дар олами варзиш вуҷуд дорад. Дар ин сурат ҳам мардонагии Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён исбот ва ҳам адолату шаффофияти кори масъулини варзиши кишвар дар чашми мардум барқарор хоҳад шуд. Зимнан, чунин таҷриба ба такрор мегӯям, ки дар давлатҳои мутаррақии олам роиҷу равост! Боз мехоҳам ёдовар шавам, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо ягона касе, ки ба кишвар бонгу номи қаҳрамонӣ аз қораи Осиё овард, Комроншоҳ буд!!!”
Ҳамчунин имрӯз Федератсияи байналмилалии ҷудо мақоми Комроншоҳи Устопириёнро дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо панҷ зина боло бурд. Мақоми навро Комроншоҳ баъд аз пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия соҳиб шуд, ки Устопириён дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 1776 имтиёз дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.
Комроншоҳи Устопириён 23-уми март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи куштӣ дар мусобиқаи куштии милии "Ҷоми Пойтахт -2017”, ки дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии куштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд. Дар пайи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо баргузории як ҷаласа барои санҷиши рафтори Комроншоҳ гуруҳи корӣ таъсис дод. Гуруҳи кории Кумита паҳлавони шинохтаро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои куштии миллӣ дар кишвар маҳрум кард. Аммо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баҳогузории доваронро, ки ангезаи амалкардҳои Комроншоҳ шуда буд одилона ва тибқи қоида баҳогузорӣ намуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон дар мавриди ноадолатиҳои доварон баҳсҳои гармеро ба бор оварда буданд.
Комроншоҳи Устопириён ахиран мусобиқаи байналмилалии ҷудо -- “Grand-Prix Antalya 2017”, ки аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд мақоми дуввумро касб намуд. Дар ин мусобиқа дар баробари Комроншоҳ инчунин ду паҳлавони дигар: Хаёмиддин Ҷабборов (вазни -73 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) намояндагӣ карданд. Комроншоҳи Устопириён баъди шикасти ду рақибаш -- Батуҳан Ефемгили турк ва Ҳае Ҷо Ҷунги кореягӣ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин қисмат Магомед Магомедови русиягиро шикаст дод, аммо дар финал аз Алтанбагана Гантулга, паҳлавони муғул мағлуб шуд.