Намояндаи Оқохони IV: Касе беайб нест
Алӣ Акбар Песнанӣ, намояндаи доимии Бунёди рушди Оқохон дар Тоҷикистон таҳаммулгароӣ, қабул ва эҳтироми гуногуниро дар ҷомеа сипари муътамад алайҳи ифроту тундгароӣ хонд.
Песнанӣ, имрӯз, 12-уми апрел зимни конфронси ҷумҳуриявӣ- “Ҷавонон омили суботу созандагӣ ва рушд”, ки аз ҷониби Кумитаи дин дар Маркази исмоилияи Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт, эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун, динҳои гуногун, фикрҳои гуногун ва анъанаҳои гуногун калиди ҳамзистии оромона ва асли Ислом аст. Зимни конфронс, ки ифротгароии ҷавонон аз мавзӯи меҳварии он буд, намояндаи Бунёди Оқохон таъкид намуд, ки Ислом дини сулҳ, ҳамоҳангӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст. Ӯ афзуд, набояд афроди алоҳидаю гуруҳҳои ғараздор андешаҳои худро бо зурӣ бори дигарон кунанд, ки ин зарба ба амнияти ҷомеа мебошад.
Песнанӣ зарур хонд, ки бояд як асл дарк карда шавад, ки дар ҷаҳон касе беайб нест: “Танҳо Худо беайб аст”. Бо зикри ин нукта ӯ таъкид намуд, ки инсонҳо бояд аз фарҳанг, дин, андеша ва анъанаҳои ҳамдигар биомӯзанд ва эҳтиром кунанд.
Песнанӣ дар идома аз Оқохони IV, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон иқтибос овард, ки ҷавонон бояд тасмим бигиранд, ки мехоҳанд шаҳрванди як минтақаи алоҳида бошанд, ё шаҳрванди ҷаҳон: “Агар шаҳрванди ҷаҳонанд, бояд илм, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми гуногуни ҷаҳонро биомӯзанд, эҳтиром кунанд ва аз он барои рушди фарҳанги миллӣ ва пешбурди ҳаёти ҷамоати худ истифода баранд”.
Песнанӣ барои ҷавонони тоҷик, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа зарур хонд, ҳамрадифи замони худ бошанду аз таҳаввулоти рӯзафзуну илми муосир огоҳ бошанд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон низ зимни ҳамоиш бо таъкиди аҳамияти таҳаммулгароӣ афзуд, ки аз сӯи ниҳоди тобеяш ташкил намудани конфронси ҷумҳуриявӣ дар бинои Маркази исмоилия, худ як нишони мавҷудияти таҳаммулгароӣ дар кишвар мебошад.