Аъзои ҳукумат, мақомоти додгоҳӣ... Кӣ барои пинҳон намудани душаҳрвандӣ муҷозот мешавад?
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки муҷозоти афродеро, ки ба мансабҳои давлатӣ интихоб ё таъин шуда, шаҳрвандии давлати дигар доштани худро пинҳон мекунанд, қабул кард.
Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯзи худ аз ин тарҳ пуштибонӣ карданд. Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон, ки лоиҳаи мазкурро муаррифӣ кард, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин банд ба аъзои ҳукумат, сарвазир, муовинони нахуствазир ва онҳое ки ба мақомоти додгоҳӣ таъин мешаванд, дахл дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ояндаи наздик бархе аз ниҳодҳои дигар низ шомил гарданд.
Рӯзи 10 апрел тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Шӯрои палатаи поёнии парлумон баррасӣ гардид. Он замон Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи маҷлис оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ҳадафи ин тағиру иловаҳоро “пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст” унвон кард.
Ба гуфтаи Насриддинзода, дар робита ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5011 бо мазмуни зерин илова гардид: “Моддаи 5011. Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар: Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”.
Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муайян гардидааст ва мансабдоре, ки доштани шаҳрвандии дигар кишварро пинҳон мекунад, то 1500 сомонӣ ҷарима хоҳад шуд.
Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон имрӯз, 12 апрел дар ҳузури хабарнигорон гуфт, Тоҷикистон ҳоло танҳо бо Русия созишномаи доштани душаҳрвандӣ дорад. Ӯ афзуд, механизми ошкор намудани душаҳрвандӣ душвор аст, зеро баъзе кишварҳо ҳангоми додани шаҳрвандӣ талаб намекунанд, ки шахс аз шаҳрвандии аввали худ даст бикашад. Бо ин ҳол вай афзуд, масъулияти ошкор кардани шаҳрвандии нафаре, ки ба вазифаҳои хизмати давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст, ба души онҳоест, ки ӯро ба кор мегиранд.