363 миллион доллари СММ ба Тоҷикистон дар 5 соли оянда
ЮНДАФ, Барномаи қолабии Созмони милали муттаҳид оид ба дастгирии рушд барои панҷ соли оянда ба Тоҷикистон 363 миллион доллар ихтисос медиҳад. Ин нукта имрӯз, 11 апрел дар дидори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари нави Барномаи рушди СММ Пратибҳа Меҳта таъкид шудааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Душанбе ва Барномаи рушди СММ баррасӣ гардид. Ба иттилои манбаъ, хонум Меҳта барои ташаббусҳои ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд дода, “мавқеи устувор ва нақши пешсафию пешоҳангии Сарвари давлати Тоҷикистонро дар татбиқи барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид махсус қайд кард”.
Гуфта шудааст, феълан, дар Тоҷикистон 23 бунёд, барнома ва муассисаҳои махсуси СММ амал мекунанд ва меҳвари фаъолияти онҳоро татбиқи лоиҳаву барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба таъмини рушди дарозмуддату устувори кишвари мо нигаронидашуда, ташкил медиҳад.
“Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самти татбиқи Стратегияи миёнамуҳлату дарозмуддати рушди миллии Тоҷикистон барои давраҳои то солҳои 2020 ва 2030, инчунин дар самти амалигардонии ҳадафу вазифаҳои иқдомҳои глобалии марбут ба оби Тоҷикистон - “Даҳсолаи байналмилалии амал: Об барои рушди устувор” барои давраи солҳои 2018-2028-ро дастгирӣ хоҳад намуд. Татбиқи ин барномаҳо беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасии васеи ҳамагон ба нерӯи барқ ва пешгирии пайомадҳои офатҳои табиии вобаста ба обро дар бар мегирад”,-афзуд манбаъ.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, дар робита ба вазъи ногувори обхезӣ, селу ярч ва тармафароӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар, ки ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моливу моддӣ боис мегардад, таклиф карда шуд, ки нисбат ба пешгирии офатҳои табиӣ сиёсати таҳкими иқтидори миллӣ таҳия ва татбиқ карда шавад.