Консерти ансамбли фолклории «Яр» ва гурўҳи рақсии "La Nati Flamenco" аз Федератсияи Русия дар театри ба номи А.Лоҳутӣ рӯзи 13 декабри соли равон баргузор мешавад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, консерти мазкурро муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии федеролӣ оид ба умури кишварҳои ИДМ ва ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ «Россотрудничество» ташкил кардаанд. Барномаи ансамбли фолклории «Яр» тарғибгари сурудҳои халқӣ, анъана, урфу одатҳо ва эҷодиёти мардуми рус мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ансамбли фолклории «Яр» дорандаи ҷойизаи Гран-прии нахустҷашнвораи санъати миллии "Хранители наследия России", ҷоизаи Гран-прии фестивали 6-уми санъат "Вдохновение", барандаи ҷоизаи фестивал - озмуни байниминтақавии фолклории "Песни родной стороны" ва ғайра аст. Гурўҳи рақсии "La Nati Flamenco" яке аз беҳтарин иҷрокунандаи рақси испании фламенго дар Федератсияи Русия буда, бо барномаҳои ҷолиб ба кишварҳои зиёде сафари ҳунарӣ намудааст.