Э.Раҳмон ба сафирони нав: Меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 5 сафири навтаъин эътимоднома қабул кардааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин маросим имрӯз, 11 апрел дар Қасри миллат баргузор шудааст. Ба иттилои манбаъ, сафирони фавқулодда ва мухтори Афғонистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ, Кувайт Нассар Абдулраҳмон Алмутаирӣ, Шри-Ланка Локу Кетагодаге Ҷаянатҳ Чандрасири Перера, Ҷумҳурии Мали Тиефинг Конате ва Ҷумҳурии Кот-д,Ивуар Бернар Тано-Бучуе эътимодномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон таслим кардаанд.
“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки меҳвари сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад ва мо дар чаҳорчубаи ин усул ва бо риояи ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ ба хотири пешбурди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои дӯсту хайрхоҳ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешем”,-таъкид менамояд дафтари матбуоти Президент ва меафзояд, “Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кулли кишварҳои ҳамҷавор, давлатҳои ҳавзаи Халиҷ, Осиё ва қитъаи Африка андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар даврони муосир кишварҳои мо манфиатҳои зиёди амалан муштарак доранд”.