Тоҷикистонии муттаҳам дар “терракт”-и Питер: Бегуноҳам
Содиқ Ортиқов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон даст доштанашро дар таркиши метрои Санкт-Петербург рад кардааст.
Дар ин бора расонаҳои Русия аз қавли мақомоти ин кишвар иттилоъ дода, афзудаанд, ки Ортиқов мегӯяд, бегуноҳ аст ва ба ин ҳодиса ягон алоқамандие надорад.
Мақомоти Русия Ортиқовро ҳамроҳи Шоиста Каримова, шаҳрванди 46-солаи Узбакистон дар шаҳраки “Лесной Городок”-и назди Маскав 7 апрел боздошт намуда, аз ҷузвдони Каримова норинҷаки Ф-1, детонатор ва аз шаҳрванди Тоҷикистон таппончаи тамғаи Макаров дарёфт намудаанд.
Боздоштшудаҳо изҳор доштаанд, ки бо интиҳории Питер-Акбарҷон Ҷалилов ягон иртиботе надоранд ва таппончаю норинҷакро касе ҳадафмандона ба ҷузвдони онҳо гузоштааст.
Содиқ Ортиқов, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа бузург шудааст, дар қаҳвахонаи “Лесное”-и шаҳраки Лесной Городок ба ҳайси ошпаз кор мекардаст. Ӯ феълан мавриди ҳабси пешакӣ қарор дошта, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.
Акс аз Спутник