ВКД-и Русия: Патентгирӣ кам шудаст
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, соли 2016 теъдоди патентҳои додашуда дар қиёс бо соли 2015 ҳудуди 16 дарсад кам шудаст.
Тибқи иттилои ин ниҳод аксари патентҳоро дар соли 2016 шаҳрвандони Узбакистон гирифтаанд: “Ба 925 ҳазору 948 шаҳрванди Узбакистон патент дода шуд, ки ин нишондод соли 2015 ба 930 ҳазору 100 нафар баробар буд”.
Манбаъ афзуд, ки дар мақоми дуюм шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд: “Ба шаҳрвандони Тоҷикистон 433 ҳазору 137 патент дода шудааст, ки шумора дар соли 2015 ба 461 ҳазору 291 нафар баробар буд”.
Бар асоси иттилои ВКД-и Русия ба шаҳрвандони Украина 171 ҳазору 237 (Соли 2015 - 213 662) ва Молдова 67 ҳазору 203 патент дода шудааст, ки нисбати соли 2015 34 дарсад кам мебошад.
Манбаъ таъкид кардааст, коҳиши патентгирӣ аз як тараф ба зиёд шудани шаҳрвандони Русия аз ҳисоби муҳоҷирон рабт дорад. Инчунин барои муҳоҷирони корие, ки аз кишварҳои узви АвруОсиё вориди Русия шудаанд, гирифтани патент лозим нест.