Ховар: Қурби доллар аз ҳадди 9 сомонӣ гузашт
Хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ додааст, ки имрӯз, 11-уми апрел қурби як доллари амрикоӣ дар бозори расмии нақд то ба 9,02 сомонӣ расидааст.
Тибқи иттилоияи расмӣ қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии кишвар ба 8.8700 то 9.0200 сомонӣ баробар шудааст: “Қурби миёнаи фурӯши рубли русӣ муодили 0.1555 сомонӣ мебошад”.
Бонки миллӣ барои ба ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби 1 доллари ИМА = 8.4486 сомонӣ, 1 евро = 8.9462 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1504 сомонӣ муайян намудааст.
Бонки миллӣ огоҳ намудааст, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, риоя накардани ин талабот аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад”.
Болоравии арзиши доллар дар ҳолест, ки якуми апрел дар овезаҳои бонкҳои тиҷоратӣ қурби як доллар 8,34-8,35 сомонӣ, қурби 1000 рубл 147-149 сомонӣ ва як евро 8,65-8,73 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор даъват намуд, ки ба ҳаргуна овозаҳо бовар накарда, дар мубодилаи маблағҳои пулиашон ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Ин ниҳод дар иттилоияи расмие гуфт, ташкилоти қарзӣ вазифадор шудаанд маблағҳои нақдии аз аҳолӣ харидашударо, ҳатман ба худи аҳолӣ мубодила карда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳаҷми фурӯши асъори хориҷии нақдро аз ҳисоби худ зиёд намоянд: “Айни замон, ташкилотҳои қарзӣ бояд барои муайян ва баҳисобгирии шахсони воқеие, ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ харидорӣ менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд”.