Ҷоизаи «BEST UNIVERSITY» ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳодияи Академияи Оксфорди Англия бо пешниҳоди Кумитаи номиналии байналмилалӣ ба Ҷоизаи «BEST UNIVERSITY» дар соли 2016 (Донишгоҳи беҳтарин) сарфароз гардонда шудааст.
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон ин Ҷоиза ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур барои барои нишондодҳои назаррас дар соли 2016, “аз ҷумла дастрасии таълим, сифати хизматрасонии таълимӣ, касбияти омӯзгорон, сатҳи аккредитатсияи донишгоҳ, таъминот бо пойгоҳи техникӣ, иштироки фаъол дар барномаҳои таълимии байналмилалӣ ва мубодилаи устодону донишҷӯён бо муассисаҳои таълимию илмии байналмилалӣ, истифодаи тарзу усули навини таълиму барномаҳо, густариши робитаҳои байналмилалӣ, ки пурра ба номгӯи «Best regional University» мутобиқ аст” эҳдо шудааст.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ин Ҷоизаи байналмилалиро дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи соли 2017 ба роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон супурдааст.