Мақсудзода ба ҷойи Ваҳҳобзода. Тағйироти кадрӣ дар Раёсати тандурустии Суғд
Абдусалом Ваҳҳобзода аз вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд озод шудааст.
Аз дафтари матбуоти раиси вилоят ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, Ваҳҳобзода бо қарори Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ва розигии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз вазифа озод шуда, ба ҷояш Фаррух Мақсудзода таъйин гардидааст. Мақсудзода аз соли 2014 ба ҳайси сартабиб дар беморхонаи клиникавии №2-и шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт. “Маросими муаррифии сардори нави Раёсати тандурустӣ дар маҷлисгоҳи беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид”,-афзуд манбаъ.
Дафтари матбуоти раиси вилоят мегӯяд, Абдусалом Ваҳҳобзода минбаъд ба ҳайси сарвари яке аз муассисаҳои соҳаи тандурустӣ фаъолияти худро идома медиҳад.
Дар акс: Абдусалом Ваҳҳобзода