АКСУ ВИДЕО: Ҳавопаймои “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар Душанбе нишаст
Ҳавопаймои “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.
Хабарнигори "Озодагон" аз фурудгоҳи Душанбе гуфт, ин ҳавопаймо бо 25 мусофир аз Тошканд ба пойтахти Тоҷикистон фуруд омад. Дилшод, яке аз мусофирони ин ҳавопаймо гуфт, бори аввал аст, ки ба Душанбе меояд. Ӯ аз роҳандозӣ шудани парвозҳои мунтазам миёни Тошканд ва Душанбе изҳори хушнудӣ карда гуфт, аввалин парвоз дар ин масир хеле роҳат буд. “Ман бо сафари корӣ инҷо омадам. Визароэлектронӣ тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хеле роҳат ба даст овардем. Барои фароҳам кардани чунин имкон изҳори сипос мекунам”,-изҳор дошт ӯ.
Ин парвоз мебоист субҳи 4 апрел анҷом мешуд, аммо Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон дар нишасти хабарие лағви парвозро ба фурӯши ками чиптаҳои ҳавопаймо ва пурра омода набудани ҳуҷҷатгузориҳо рабт дод.
Арзиши чипта барои як самт 140 доллари амрикоӣ муайян гардидааст, ки ба гуфтаи сафири Узбакистон гарон аст: “Барои тоҷиру соҳибкорон шояд чандон маблағи зиёд набошад, аммо барои мардуми оддӣ, ки ба дидори хешу табор мераванд, ин маблағи хеле зиёд аст. Мо талош мекунем, ки нархҳо арзон карда шаванд”.
Парвозҳо дар масири Душанбе-Тошканд соли 1992 қатъ гардид. Аввалҳои моҳи феврали соли равон, ширкати “Сомон Эйр” эълон кард, аз 20 феврал ба Тошканд парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад. Дар остонаи ин сафар ҷониби Узбакистон ба “Сомон Эйр” иҷозаи парвоз надод ва дар шарҳи ин тасмим гуфт, санадҳо барои анҷоми парвозҳои мунтазам бояд ҳадди ақал 30 рӯз пеш аз санаи оғози парвозҳо ба мақомоти “Узбекистон хаво йуллари” пешниҳод карда шаванд: “Санадҳо барои анҷоми парвозҳои мунтазам аз сӯи “Сомон Эйр” 10-уми феврал пешниҳод гардиданд”.
“Сомон Эйр” иқрор кард, ки ин нофаҳмӣ камбуди масъулини худи ширкат аст ва Алишер Рустамов, мудири тиҷории ин ширкат аз мақом барканор шуд.
Бар асоси тавофуқ ҳоло парвозҳои мунтаззам дар масири Тошканд-Душанберо ҳафтае ду маротиба ширкати узбакистонӣ анҷом медиҳад. Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтаанд, "Сомон Эйр" муваззаф шудааст, дар кутоҳтарин фурсат асноди лозимро ба Тошканд фиристад. Дар сурати дарёфти иҷозатнома метавонад парвозҳоро оғоз кунад.