100 доллар = 892 сомонӣ...
Қурби доллари амрикоӣ дар бозори нақди Тоҷикистон имрӯз, 10 апрел ба тавре рекордӣ боло рафт.
Дар бархе овезаҳои мубодилаи асъор дар Саховат арзиши 1 доллар 8.92 сомонӣ (барои фурӯш 8.97) нишон дода шудааст. Дар қиёс ба аввали моҳи ҷорӣ он 52 сомонӣ бештар мебошад.
Арзиши 1000 рубли русӣ 152 ва 100 евро 920 сомониро ташкил медиҳад. Болоравии арзиши доллар дар ҳолест, ки якуми апрел дар овезаҳои бонкҳои тиҷоратӣ қурби як доллар 8,34-8,35 сомонӣ, қурби 1000 рубл 147-149 сомонӣ ва як евро 8,65-8,73 сомонӣ муқаррар шуда буд.
То ба 8,92 сомонӣ боло рафтани як доллари амрикоӣ дар ҳолест, ки ду рӯз қабл Бонки миллии Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор даъват намуд, ба ҳаргуна овозаҳо бовар накарда, дар мубодилаи маблағҳои пулиашон ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Ин ниҳод дар иттилоияи расмие гуфт, ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шудаанд маблағҳои нақдии аз аҳолӣ харидашударо, ҳатман ба худи аҳолӣ мубодила карда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳаҷми фурӯши асъори хориҷии нақдро аз ҳисоби худ зиёд намоянд: “Айни замон, ташкилотҳои қарзӣ бояд барои муайян ва баҳисобгирии шахсони воқеие, ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ харидорӣ менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд”.
Бонки миллӣ сабаби болоравии долларро шарҳ дод