Чаро мансабдорони душаҳрвандидор фош намешаванд?
Иршод Сулаймонӣ
Тағйироти ахир дар мавриди афроди душаҳрвандидор (ё дутобеиятӣ) ба Қонуни Асосии кишвар ва бар пайи он ба қонунгузорӣ дар фазои иттилоотӣ бидуни ҳеч кадом тафсилоту тавзеҳоте сурат гирифту мегирад. Ҳол он ки мавзуъ аз масъалаҳои бисёр меҳварӣ барои суботу амният ва манофеи миллии ҳар кишвар дониста мешавад. Барои Тоҷикистон ҳам ин мавзуъ бояд хеле муҳим бошад, хусусан дар шароите, ки гуфтугуҳои ғайрирасмӣ дар мавриди мансабдорони сатҳи баланди давлатӣ зиёд аст ва гуфта мешавад, ки аксари онҳо шаҳрвандии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русияро доранд. Дар кишварҳои дигар замоне ки ин ва ё он чеҳра ба мансабе таъин ва ё пешниҳод мешаванд, дар баробари дигар ҷанбаҳои шахсиятияшон масъалаи доштан ва надоштани шаҳрвандии кишвари дигар низ матраҳ мешавад. Аммо дар Тоҷикистон то кунун мо шоҳид нашудаем, ки мансабдоре барои доштани шаҳрвандии кишвари дигар барканор шуда бошад ё номзадии нафаре ба ин хотир пас гардонда шуда бошад. Ҳатто дар Афғонистони ҳамсояи мо баъди интихоботи ахир барои интисоби кобинаи нав ин масъала яке аз қазияҳои пурҳангомаву ҷанҷолбарангезе шуд. Ин ҳам дар Афғонистоне, ки дар назари мо як кишвари бебандубору ҷангсолор аст.
Шояд баъди хондани муқаддимаи ин матлаб дар зеҳнҳо ин пиндор халқ шавад, ки “дар мо чунин душаҳрвандидорон нестанд барои ҳамин расонаӣ намешаванд”. Агар масъала ба ҳамин содагӣ бошад пиндори ҳосилшуда дуруст аст, вале дақиқан чунин нест.
Ҳарчанд мо иттилои расмиву тадқиқшудае дар даст надорем, вале аз гуфтугузорҳое, ки миёни қишрҳои ҷиддиву муҳтарами ҷомеа дар ин замина вуҷуд дорад, мешавад эътимод намуд, ки ин ҳарфҳо дурӯғ нестанд. Хусусан замоне ки дар давру бари баъзе мансабдорон сару садоҳо зиёд шуд, хабарҳо расиданд, ки яке шаҳрванди Чек (Чехия) будаву дигаре аз Русия. Инчунин мо ҳамагон шоҳидем, ки шумори зиёде аз кормандони собиқи мақомоти қудратии кишвар ҳамин ки бознишаста шуданд, дар фурсати хеле кутоҳе аз Русия шаҳрвандӣ дарёфт мекунанду ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақа) мегиранд. Оё ин ҳама ҷойи нигаронӣ надорад? Инҳо бар ивази чӣ хидмате шаҳрванд мешаванду маош дарёфт мекунанд? Фикр мекунам қазия ба содагие нест, ки мо мепиндорем ва набояд ҳамин гуна “бе сару садо” вогузор шавад.
Албатта, раиси Маҷлиси намояндагон дар порлумон аз муовини вазири адлия пурсид, ки оё ҳоло чунин мансабдоронро дорем ва муовини вазир гуфт, ки аз ин ба баъд таҳқиқ мекунем ва мушаххас мекунем, ки дорем ё надорем. То ин замон қонунгузории Тоҷикистон доштани тебияти кишвари дигарро манъ намекард. Вале наздик ба як сол мешавад, ки қонун дигар иҷоза намедиҳад то кормандони ниҳодҳои низомиву интизомӣ ва хидматчиёни давлатӣ тебеияти кишвари дигарро дошта бошанд. Аммо дар тайи ин сол ҳам мо шоҳид нашудем, ки дар расонаҳо хабаре мунташир шуда бошад.
Дар кишвар мо, ки аз тамоми ниҳодҳову донишгоҳу академияву телевизиону мансабдорон ҳарфу садои худшиносиву ватандӯстӣ берун меояд, вале боз ҳам шаҳрвандонамон барои дарёфти шаҳрвандии Русия тӯй барпо мекунанд. Ин ҷост, ки бояд даст аз киса баргирифту ба пешонӣ андохт!
Оё мо шоҳид мешуда бошем, ки ниҳодҳои зидахли кишвар ному ҳувияти чанде аз ин гуна мансабдронро дар ихтиёри расонаҳо бигузоранд ва дар ин росто садоқати давлатро ба қонуни пазируфташуда рӯнамоӣ кунанд.