Ҳамдардии Э.Раҳмон ба Сиси ва мардуми Миср
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба ду калисои қитбӣ дар Мисрро маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи тасаллият ба унвонии ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси изҳор доштааст, ки “хабари ҳамлаҳои ғайринсонии интиҳориён ба ду калисои ҷомеи қибтиҳо дар кишвари дӯсти Миср, ки бар асари онҳо даҳҳо мардуми осоишта ба ҳалокат расида, ҷароҳати вазнин бардоштанд, боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи ин ҷониб гардид”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, мо ин амалҳои маргталабонаро бо нигаронии шадид маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамоем.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагони тамоми мардуми Миср изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзу кардааст.
Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба ду калисои қитбӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср якшанбеи 9-уми апрел ба вуқуъ омад, ки дар натиҷа 44 нафар ҳалоқ ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо созмони террористии ба ном "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст. Ҳамчунин дар пайи ин ҳамлаҳо Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси, раисҷумҳури ин кишвар, барои се моҳ вазъияти фавқулодда эълон кардааст.