ВАО: Миёни 14 толиби кушташуда, 8 шаҳрванди Тоҷикистон буд
Бар асари амалиёти заминӣ ва ҳавоии нируҳои мусаллаҳи Афғонистон дар вилояти Кундуз яке аз фармондеҳони Толибон ва 13 ҷангҷӯи ин гуруҳ кушта шудаанд.
Расонаҳои Афғонистон бо такя ба Вазорати дифои Афғонистон хабар медиҳанд, дар пайи ин амалиёт, ки дар Дашти Арчи, маҳалли ҳаммарз бо Тоҷикистон анҷом шуд, Мулло Асадулло Мазлумёр, муовини волии номниҳоди Толибон дар Кундуз маҳв шудааст. Ба иттилои манбаъ, миёни ҷангҷӯёни кушташуда дар ҳудуди рустои Мулоқулӣ 8 нафараш шаҳрванди Тоҷикистон будааст.