Никки Ҳейлӣ: Сулҳи Сурия бе сарнагун шудани Асад номумкин аст
Никки Ҳейлӣ, намояндаи доимии ИМА дар СММ гуфт, яке аз нақшаҳои аввалиндараҷа дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида тағйири ҳукумати Сурия аст.
Ҳейлӣ дар суҳбат бо CNN изҳор дошт, мубориза бо гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ҳамоно вазифаи аслист. “Вале то замоне, ки Башор Асад дар сари қудрат аст, ҳалли буҳрони Сурия имкон надорад”, - афзуд ӯ.
Шаби 6 ба 7 апрел ИМА дар посух ба ҳамлаи кимиёии Идлиб, ки ҷони даҳҳо сокини осоиштаро рабуд, пойгоҳи неруҳои ҳавоии Сурияро ҳадафи мушакҳо қарор дод.
Раҳбарони Русия ва Эрон -- Владимир Путин ва Ҳасан Руҳонӣ 9 апрел дар як суҳбати телефонӣ аз амали ИМА сахт интиқод карда, онро ғайриқобили қабул номиданд.
Ҷанги шаҳрвандии Сурия баҳори соли 2011 бо бархӯрди ҷонибдорони президенти амалкунандаи кишвар Башор Асад ва мухолифонаш – Артиши озоди Сурия шурӯъ гардид. Баъдан давлатҳои дигар низ ба он ҳамроҳ шуданд. Русияву Эрон аз Башор Асад ва Амрикову ҳампаймонҳояшу Туркия аз мухолифон ҳимоят мекунанд.