Баъди муҷозот. Устопириён бо медали нуқра ба Ватан бармегардад (ВИДЕО)
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки ахиран барои рафтори носазо ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои дохилӣ маҳрум шуд, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо -- “Grand-Prix Antalya 2017” мақоми дуввумро касб намуд.
Дар ин сабқат, ки аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, Тоҷикистонро се паҳлавон -- Хаёмиддин Ҷабборов (вазни -73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) намояндагӣ карданд. Комроншоҳи Устопириён баъди шикасти ду рақибаш -- Батуҳан Ефемгили турк ва Ҳае Ҷо Ҷунги кореягӣ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин қисмат Магомед Магомедови русиягиро шикаст дод, аммо дар финал аз Алтанбагана Гантулга, паҳлавони муғул мағлуб шуд.
Хаёмиддин Ҷабборов дар дидори аввалаш Куштрим Гашӣ, паҳлавони косовагиро шикаст дод, аммо баъдан аз Тоҳар Бутбули турк ноком шуд. Саидҷалол Саидов аз даври аввали қувваозмоӣ озод буд, дар марҳилаи дувум аз паҳлавони рус Ниёз Илёсов шикаст хӯрд.
ҚУВВАОЗМОИИ КОМРОНШОҲ ДАР ФИНАЛИ “GRAND-PRIX ANTALYA 2017”
Комроншоҳ 23 март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи гуштӣ дар мусобиқаи "Ҷоми Пойтахт -2017”, ки дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии гуштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд. Дар пайи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо баргузории як ҷаласа барои санҷиши рафтори Комроншоҳ гуруҳи корӣ таъсис дод. Гуруҳи кории Кумита паҳлавони шинохтароаз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гуштӣ дар кишвар маҳрум сохт.