Бонки миллӣ сабаби болоравии долларро шарҳ дод
Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи болоравии қурби доллар дар рӯзҳои ахир аз кулли шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор даъват намудааст, ба ҳаргуна овозаҳо бовар накарда, дар мубодилаи маблағҳои пулиашон ба саросемагӣ роҳ надиҳанд.
Ин ниҳоди молӣ дар як иттилоияи расмӣ гуфтааст, мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯзҳои охир дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд зери таъсири омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ миёни аҳолӣ як ҳолати ногувори воҳимаю таҳлука ба миён омадааст. Ба итиилои манбаъ пайдо шудани фарқияти назаррас дар байни қурби бозори расмӣ ва ғайрирасмии хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд боиси он гаштааст, ки шахсони воқеӣ ба таври оммавӣ бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ, фурӯхтани асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб менамоянд: “Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳо талабот ба доллари ИМА-и нақдро яку якбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ, сабаб гаштааст”.
Бонки миллӣ мегӯяд, ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шудаанд, ки маблағҳои нақдии аз аҳолӣ харидашударо, ҳатман ба худи аҳолӣ мубодила карда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳаҷми фурӯши асъори хориҷии нақдро аз ҳисоби худ зиёд намоянд: “Айни замон, ташкилотҳои қарзӣ бояд барои муайян ва баҳисобгирии шахсони воқеие, ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ харидорӣ менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд”.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки вазъи бозор ва ба эътидол овардани онро дар якчоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зери назар дорад: “Барои ин, захира ва имконияту воситаҳои кифоя мавҷуд аст ва айни замон кам гаштани таъсири омилҳои номатлуби мавсимӣ ва пайдо шудани шароит ва омилҳои ба суботи бозори дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ таъсиррасон мушоҳида мегарданд”.
Бонки миллӣ аз сокинони кишвар даъват кардааст, аз муомилаи ғайрирасмӣ бо шахсони воқеии алоҳида худдорӣ намуда, амалиёти мубодиларо танҳо дар муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 8 апрел қурби миёнаи фурӯши 100 доллари ИМА дар бозори нақд то 858 сомонӣ расидааст. Аз ҷумла бонки Эсхата дар Душанбе имрӯз қурби 100 долларо 857-858 сомонӣ, ва 100 рубли русиро 150-152 сомонӣ муқаррар кардааст. Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубл ва долларро барои ҳисобгирии муҳосибӣ имрӯз мутаносибан 0,1498 ва 8,3985 сомонӣ муқаррар намуда, арзиши як евроро 8,9276сомонӣ нишон додааст.