ВКД: Иҷро накардани вазифаи касбии табиб сабаби марги ноболиғ шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як табиб хабар дод, ки дар пайи “хунукназарӣ”-аш ноболиғи 2-сола ба ҳалокат расидааст.
Торнамои расмии ин ниҳод менависад, ин табиби 42-cола рӯзи 12 марти соли равон вақте дар шӯъбаи қабули яке аз беморхонаҳои кӯдаконаи вилояти Суғд навбатдор будааст, як духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро наздаш меоранд. Ҳангоми муоинаи тиббӣ духтур муайян кардааст, ки ноболиғ гирифтори бемории илтихоби шадиди шушҳо бо варамии майнаи сар мебошад: “Духтур воқеан муҳтоҷи табобат будани беморро фаҳмида, ба иҷрои вазифаҳои худ бепарвоёна ва беинсофона рафтор намудааст. Бар хилофи тартиби муайянгардидаи соҳавӣ, барои бистарӣ намудани хурдсол чора наандешидааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа духтарчаи хурдсол, бинобар сари вақт табобати зарурӣ нагирифтан 14 март вафот кардааст. “Табиб бо гумони иҷро накардани вазифаҳои базиммадоштааш дастгир шуда, нисбати вай парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”.