Ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар нуқтаи сабти фурудгоҳи Сургут
Мирзомир Яъқубов, як шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон дар нуқтаи бақайдгирии мусофирони фурудгоҳи Сургути Русия ҷон додааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия Яъқубов як рӯз пеш ба фурудгоҳ омада, дар ҳолати сархӯшӣ муноқиша кардааст: “Аз ин сабаб ӯро ба шуъбаи милитсия мебаранд. Он ҷо ҳолаташ бад мешавад ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ табибонро даъват кардаанд”.
Манбаъ афзуд, табибон муайян кардаанд, ки шушҳои Яъқубов шамол хӯрдаанд, аммо ӯ табобатро рад карда, барои бозгашт ба Ватан боз ба фурудгоҳ фирор намудааст. Ӯ даъвати дубораи табибонро низ барои табобат рад кардааст.
Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки Яъқубов ҳангоми бақайдгирии мусофирони хатсайри Сургут-Хуҷанд беҳуш шуда, ҷон додаст.