Пулиси Русия: Ба ҷавобгарӣ кашидани тоҷикистониҳо манъ нашудааст
Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ дар бораи мутаваққиф шудани ифтитоҳи парвандаи маъмурӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро рад кард.
Хабаргузории “ТАСС” аз қавли Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ додааст, ки ин ниҳод дастуре дар мавриди манъи ифтитоҳи парвандаи маъмурӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро надодааст.
Қаблан расонаҳои Русия иттилоъ доданд, ки мақомоти пулис дастур гирифтаанд, дар доираи афви муҳоҷирони тоҷик давоми як моҳ алайҳашон парвандаи маъмурӣ боз нашавад.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия қаблан изҳор дошта буд, ки аз 25 март то 24 апрел дар тамоми қаламрави ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни ҳеҷ гуна ҷавобгарӣ, имкони қонунӣ гардонидани будубош, ба қайд гирифтан ва тамдид намудани мӯҳлати будубошашон дар мақомоти умури муҳоҷирати Русия фароҳам сохта шудааст.