Матни тарҷумаҳо ба қалами шоирону донишмандон Е.Ҳ.Винфилд (англисӣ), Ш.Шомуҳаммадов (ўзбакӣ), В.Державин (русӣ), Кубанчибек Басилбек (қирғизӣ, аз забони русӣ) мансуб аст. Мақолаи ба тарҷумаи худ соли 1965 навиштаи тарҷумони рус Владимир Державин низ дар китоб ҷой дорад. Мақолаи таҳиягар муаллифу муратиби рубоиёт Усмон Назир «Нигоҳе ба мактаби адабии Хайём» пурмўҳтаво буда, мактаби адабӣ доштани аллома Умари Хайём ва пайравони ўро илман ва бо далелҳо таъйин ва муайян намудааст.
Маврид ба ёдоварист, моҳи ноябри соли равон (2011) нашриёти «Адиб»-и Тоҷикистон низ китоби нави шоир Усмон Назири Оташро бо унвони «Ҳазору як рубоӣ» аз чоп баровард, ки 1001(ҳазору як) рубоии муаллифро фарогир аст.
Зимнан, ба ифтихори 100-солагии Мирзо Турсунзода ва 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон нашриёти «Шуҷоиён» китоби Усмон Назири Оташро бо номи «Шоир!» ба нашр расонд. Китоб бо пешгуфтори мураттибу муаллиф Оташ зери унвони «Парвози шаҳбози сухан» (Мирзо Турсунзода - шоири ғазалсаро) ва беҳтарин намунаҳои ашъори ғазалвораи ў нашр гардида буд.