Ваъдаи Доналд Трамп барои маҳви ДИИШ
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА ваъда дод, ҳамроҳ бо ҳампаймонҳои кишвараш гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро маҳв хоҳад кард.
“Давлати исломиро маҳв карда, аз тамаддун ҳимоят мекунем. Мо интихоби дигаре надорем”, - гуфт Трамп дар нишасти хабарии муштарак бо шоҳи Урдун Абдулло II.
Раҳбари Кохи сафед афзуд, баъди шунидани хабари ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳри Хон-Шайхуни Сурия муносибаташ бо президент Башор Асад тағйир ёфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Сурия бо истифодаи силоҳи кимиёӣ “тамоми марзҳоро убур кард” ва ин барои ӯ “хатти сурх” аст.
Мухолифони Сурия 4 апрел хабар доданд, ки дар натиҷаи ҳамлае дар Хон-Шайхун даҳҳо одам ҷон дод. Ба гумони табибони маҳаллӣ, дар ин ҳамла гази фалаҷкунандаи аъсоб истифода шудааст.
Ошубгарон онро кори неруҳои ҳукумати Сурия меноманд. ИМА ва кишварҳои Аврупо дар ин ҳамлаи кимиёӣ президент Башор Асадро айбдор карданд ва намояндаи доимии Амрико дар СММ Никки Ҳейлӣ гуфт, агар Шӯрои амният чора наандешад, Вашингтон зидди ҳукумати Сурия таҳрим ҷорӣ хоҳад кард.
Русия хабар дод, неруҳои ҳавоии Сурия 4 апрел анбори гулӯлаҳои заҳрогинро бомбаборон карданд. Бино ба фарзияи Маскав, бо ин навъи таслиҳот террористон дар Сурия ва Ироқ таъмин шудаанд.
Гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” чанд соли пеш як қисмати Ироқу Сурияро ишғол карда, Абубакр Бағдодиро халифа эълон кард. Ин гуруҳ бо қатлҳои бераҳмонаи худ машҳур аст. Расонаҳо чанд бор аз захмӣ ва ҳатто кушта шудани ӯ хабар доданд, аммо баъдан ин хабарҳо тасдиқ нашуд. Аз Тоҷикистон ҳам садҳо нафар дар сафи ин гуруҳ меҷанганд, ки миёнашон Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини “ОМОН”-и Вазорати корҳои дохилӣ низ ҳаст.