Ҳамоиши дабирони амнияти “ШОС”: Аз қабули 2 узви нав то нақшаҳои “ДИИШ”
Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон имрӯз, 6-уми апрел дар Остона зимни мулоқот бо ҳамтоёни дигараш аз кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ-ШОС) масоили амниятиро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон иштирокдорони ҳамоиши 12-уми дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ-ро Нурсултон Назарбоев ба ҳузур пазируфта, хабар додааст, ки моҳи июн дар Остона Ҳинду Покистон ба узвияти ин созмон пазируфта мешаванд: “Аъзои нав барои рушди созмон таконе хоҳанд буд”.
Назарбоев инчунин хостори ҳамоҳангӣ ва вусъати корҳо барои таҳияи Конвенсияи СҲШ дар умури мубориза бо терроризму экстремизм шудаст.
Зимни ҳамоиши Остона Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия гуфтааст, фишор болои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо баҳонаи муборизаи байналмилалӣ бо террозизм қобили қабул нест. Масъули Русия гуфтааст, масъалаи терроризми байналмилалӣ барои кишварҳои узви СҲШ хело ҷиддӣ аст. Ба гуфтаи Патрушев созмони террористии “ДИИШ” дар Ҷануб, Ҷанубу Шарқи Осиё, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон пойгоҳҳои нав ташкил карда истодааст.
Ӯ барои муборизаи самарабахш бо терроризм, ҳамдастии кишварҳою созмонҳо дар доираи СММ-ро муҳим арзёбӣ кард.