Мирзо Юсуф: Кори мардҳо ба ҳайси “гинеколог” манъ шавад
Мирзо Юсуф, имоми масҷиди Тошканд ва устоди Донишкадаи исломии Тошканд даъват кардааст, ки фаъолияти мардон ҳамчун гинеколог дар Узбакистон манъ карда шавад.
Дар ин бора “AsiaTerra” иттилоъ додааст. Ба иттилои манбаъ, имоми масҷиди Тошканд гуфтааст: “Ба ин бояд хотима бахшид. Ин падидаи нангинро мо дар замони Шӯравӣ касб кардем. Дар он замон бисёр аз арзишҳои миллии мо поймол шуданд. Тағйир додани ин он замон дар дасти мо набуд ва мард ҳамчунин “гинеколог” чизи муқаррарӣ қабул карда шуд”.
Номбурда гуфтааст, замони Шуравӣ ақидае ҳам буд, ки мардоне, ки гинекологанд “дасташон сабук” аст, ки боиси зиёд шудани мардон дар ин соҳа гардид: “Акнун мо давлати мустақил, озод, ин бояд шармовар бошад, бояд инро зуд манъ кард”.