Палатаи савдо: Боздоштшуда бо мошини дипломатӣ корманди мо нест
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, ки Асрор Сафоев, боздоштшуда бо мошини дипломатӣ дар Санкт Петербург намояндаи ин ниҳод нест.
Палатаи савдо зикр кардааст, ки собиқ консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия Маҳмадназар Мирзода ба матбуот гуфтааст, мошинаш бо рақамҳои дипломатиро барои гузаронидани маъракаи наврузӣ ба Асрор Сафоев гуиё ба “намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Петербург” ва раиси созмони ҷавонони тоҷики ин минтақа “барои бурдану овардани меҳмонон” дода буд.
Дар идома Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон таъкид намудааст, ки “Асрор Сафоев ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷой намояндани Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон набуд ва намебошад ва ягон муносибате бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон надорад. Палата намояндагони худро бо Қарори Раёсат дастаҷамъонона таъин менамояд. Аз ин лиҳоз, дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуҷҷатҳо вуҷуд надоранд. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи худро дар шаҳри Санкт-Петербург надорад”.
Қаблан ВАО-и Русия аз боздошти “Mercedec S350” бо рақамҳои дипломатӣ дар Санкт Петербург хабар доданд, ки тибқи навиштаи онҳо ба Маҳмадназар Мирзода, собиқ консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт Петербург тааллуқ дорад.
Тибқи иттилои “Фонтанка” таъқиби мошини дипломатӣ бо рақамҳои 900D099 78 шаби 31-уми март дар пайи тирпаронӣ дар кӯчаи Благодатнийи Петербург оғоз шуд: “Панҷ мошини пулис дар пайи таъқиб тавонистанд дар назди тарабхонаи “Царский двор”, дар буриши кӯчаи Гагарин ва Бассейной “Mercedec S350”-ро боздошт кунанд. Ронанда ва мусофиронро аз он берун накардаанд, зеро рақамҳои сурх ба онҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ медиҳанд”.
Мирзода дар шарҳи ин қазия гуфт, замони рух додани ҳодиса мошин дар ихтиёри Асрор Сафоев, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон қарор дошт. Ҳангоми тирпаронӣ, ки дар пайи он таъқиби мошин бо рақамҳои дипломатӣ оғоз шудааст, як шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ гардидааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.