Неъматуллоев: Дар нахустин сабқати бокси касбӣ миёни бонувон 16 нафар иштирок мекунад
Наврӯзгоҳи Душанбе мизбони нахустин сабқати муштзании касбӣ миёни бонувон мешавад.
Шуҳрат Неъматуллоев, раиси Федератсияи бокси ҳирфаии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, расми ифтитоҳи ин сабқат 15 апрел дар чорчуби тарҳи “Рушди бокси касбӣ миёни бонувон” баргузор мешавад: “Ин сабқат таҳти унвони “Ҳамсафи мардони пурқувват” алайҳи хушунат, нашъамандӣ ва нобаробарии гендерӣ доир мегардад”. Ба иттилои ӯ, ин нахустин мусобиқаи бокси ҳирфаӣ миёни бонувон дар Тоҷикистон ва шояд дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.
Оқои Неъматуллоев афзуд, дар ин мусобиқа 16 варзишгар дар вазнҳои 51,57, 60, 64, 69 ва 80+ аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо ҳам қувва меозмоянд.