Баъди инфиҷори Петербург: Боздошти шаш зодаи Осиёи Марказӣ (ВИДЕО)
Шаш шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Санкт-Петербург барои мусоидат дар амалҳои террористӣ дастгир шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, боздошти онҳо, имрӯз, 5 апрел дар пайи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии ФСБ, ВКД ва гуруҳи вижаи Гвардияи Русия сурат гирифтааст. Дар иттилоияи кумита гуфта мешавад, шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои кор ба Русия омадаанд. Ба иддаои манбаъ, ин шаш нафар аз моҳи ноябри соли 2015 то замони боздошташон дар ҳудуди Санкт-Петербург ба ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва шомил шудан ба ба гуруҳҳои “Ҷабҳат ун-Нусра” ва “Давлати исломӣ” машғул будаанд. Гуфта мешавад, аз макони будубоши онҳо дар Русия адабиёти экстремистӣ пайдо шудааст. Аммо кумита шаҳрванди кадом кишварҳо будани дастгиршудаҳоро ифшо накардааст. Хабари боздошти ин шаш нафар дар ҳолест, ки 3 апрел дар дохили вагони метро дар байни истгоҳҳои “Сенная площадь” ва “Технологический институ” таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки дар пайи он 14 нафар ба ҳалокат расида, 45 тани дигар маҷруҳ гардиданд. Мақомоти тафтишотии Русия эълон кард, шахсияти маргталаби эҳтимолиро муайян кардааст. Аз ӯ Акбарҷон Ҷалилов, як зодаи 22-солаи Қирғизистон ва шаҳрванди Русия ном бурданд. VIDEO